Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли моҳӣ кам шудааст
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 250 хоҷагии деҳқонии моҳипарварӣ фаъолият доранд ва истеҳсоли моҳӣ аз рӯи ҳосилнокӣ нисбат ба солҳои пешин кам гардидааст»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори КВД «Моҳии тоҷик» Аҳмадҷон Ғафуров.
Сабаби аслии кам истеҳсол шудани моҳиро Аҳмадҷон Ғафуров дар омехта будани хӯроки моҳӣ ва гарон будани нархи об дониста, иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 348,3 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Соли 2008 баъд аз қабул гардидани «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 7 ба 250 адад расонида шуд ва барои рушди минбаъдаи ин соҳа аз Федеретсияи Русия кирминамоҳича ворид гардид.
Ҳоло дар ҶСК «Моҳии тоҷик»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навъҳои гуногуни моҳиҳо парвариш ёфта, дар оянда барои таъмин намудани моҳиҳои хушзот истифода мешаванд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






