Дарвозаи рамзии Истаравшан аз байн бардошта мешавад
Душанбе, 08.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дарвозаи рамзии шаҳри Истаравшан, ки ба талаботи таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷавобгӯ набуда, боиси рух додани шумораи зиёди садамаҳои нақлиётии ҳалокатовар гардидааст, аз байн бардошта мешавад.
Иқдоми аз байн бардоштани дарвозаи рамзии шаҳр бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ба ин васила ҳифз намудани ҳаёту саломатии иштирокдорони ҳаракат дар роҳ гирифта шудааст. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, то соли 2016 дар ин дарвоза 9 садама рух додааст, ки дар он 8 нафар ба ҳалокат расидаву 14 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Бино ба иттилои мудири Шӯъбаи нақлиёт ва комуникатсияи дастгоҳи Раиси вилоят Олимҷон Азаматов, дар асоси қарори Комиссияи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ 7 июл гурӯҳи корӣ ба шаҳри Истаравшан сафар намуд ва ин дарвоза аз сари роҳ гирифта мешавад. Барои анҷоми корҳо техникаҳои зарурӣ сафарбар гардидаанд.
Дарвозаи мазкур дар километри 245-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан қарор дорад ва он расман соли 2008 ба истифода дода шуда буд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






