Директори Агентии обуҳавосанҷӣ Ҳомидҷон Расулзода: «Моҳи август дар Душанбе 34 39 дараҷа гармӣ дар назар аст»
Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Расулзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки вобаста ба ташхисҳои ҳамарӯзаи Агентии обуҳавошиносӣ, охирҳои моҳи июл ҳаво дар водиҳо бебориш буда, рӯзҳои 22-26 ва 28 асосан дар кӯҳҳо боришот дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои Ҳомидҷон Расулзода дар аввали моҳи август боришоти кам пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин моҳ дар вилояти Хатлон 38- 43 дараҷа, дар вилояти Суғд 36- 41 дараҷа, дар ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе 34 39 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






