Эҳсон Хушвахтов, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ройгон аст»

Июль 20, 2016 17:23

Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар таътили тобистона қарор дошта, то оғози соли нави таҳсил зиёда аз 1 моҳ боқӣ монда бошад ҳам,  волидайн аллаккай дар тараддуди омодасозии фарзандон ба соли нави таҳсил харидани либосу  лавозимоти мактабӣ гардидаанд. Ҳамчунин баробари оғози соли нави таҳсил волидайнро   масъалаи пардохти маблағи моҳона,  ки бо розигии ҷонибҳо  тариқи ба имзо расонидани шартнома миёни мактабу онҳо барои пардохти дарси иловагӣ ба расмият дароварда шудааст, пеш меояд. Андешаҳо дар ин мавзӯъ гуногунанд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанд нафар роҳбарони  муассисаҳои  таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва падару модарон  дар ин маврид ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
Табиист, ки аксари  роҳбарони  муассисаи  таҳсилоти умумӣ аз  ин  дастгирии кумитаи  волидон  истиқбол намуда, мегӯянд, ки ин маблағҳо барои дарсҳои иловагӣ  ва беҳ намудани шароити таълиму тарбия  дар мактабҳо истифода мешаванд. Онҳо барои исботи гуфтаҳояшон таъмир гардидани синфхонаҳо,  харидани  тахтаи дарсии электронӣ,  таъсиси   синфхонаҳои компютерӣ  ва ғайраҳову ҳоказоро мисол меоранд. Ҳамчунин таъкид менамоянд, ки  нархҳо  дар  асоси санади тасдиқнамудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар  гардида, раиси  кумитаи падару модарон  рафти дарсҳои иловагиро назорат бурда,  ҳатто директорони мактабҳо  наметавонад дар фаъолият ва назорати раиси кумита таъсир гузоранд ва илова намуданд, ки ин маблағҳо  ба бонк ворид мегарданд ва дар сурати зарурат ба  муассисаҳои таълимӣ  ҳамчун кумаки молиявӣ расонида мешаванд.
Тибқи иттилои волидайн  нархҳои дарсҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  гуногун буда, аз 10 то 30 сомониро ташкил медиҳанд.
Як қисми дигари роҳбарони ин муассисаҳои таълимӣ  иброз доштанд, ки дар муассисаи  онҳо ҳам кумитаи падару модарон фаъолият доранд, вале аз волидон ягон дирам барои дарси иловагӣ  ҷамъ карда намешавад. Чунки шикоятҳои пай дар пайи    волидайн ба мақомоти гуногун оид ба пардохти маблағ барои дарсҳои иловагӣ   онҳоро бо мушкилии зиёд рӯ ба рӯ намуд ва  онҳо аз дарсҳои иловагӣ ва ҳама гуна пардохти маблағ аз тарафи волидон даст кашиданд.
Баъд аз шунидани фикру андешаи  аксари падару модарон дар ин маврид ба хулоса омадем, ки онҳоро на пардохти маблағ барои дарсҳои иловагӣ,  балки сифати ин дарсҳо ба ташвиш овардааст. Волидайн ҳам бо мисолҳои зиёд исбот карданӣ мешаванд, ки дарсҳои иловагӣ ба ном вуҷуд дошта, ягон самараи хуб надоранд. Дониши фарзандони онҳо баъди дарсҳои иловагӣ ягон зарра ҳам зиёд нагардидааст. Агар ин дарсҳо самаранок мебуданду мо дар донишу хониши фарзандҳоямон пешравиро мушоҳида менамудем, он ҳаргиз боиси шикоятамон намегардид. Ба болои ин пӯшида нест, ки баъзе аз роҳбарони синфҳо бо баҳонаи дарсҳои иловагӣ хонандагони мактабро маҷбур месозанд, ки бе «пули моҳона» ба мактаб наоянд.
Коршиносони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид чӣ андеша доранд?
Дар ин бора Эҳсон Хушвахтов, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро зикр намуда, аз ҷумла гуфт,  ки вазорат бо мақсади баланд бардоштани сифати дониш, амалӣ гардондани ҳуқуқи гирифтани  таҳсилоти умумии ҳамаи зинаҳо, ки давлат кафолат додааст ва  баланд бардоштани   пояи моддии техникии мактабҳо шароит муҳайё месозад.
Барои расидан ба ин мақсад, давлат  тамоми ваколатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ додааст. Пас аз гузаштан ба маблағгузории меъёрӣ муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мустақилияти молиявии худро пайдо намуданд ва вобаста ба талаботи худ маблағҳои буҷетиро истифода мебаранд. Раванд ва тартиби истифодаи маблағи муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ сурат мегирад. Инчунин дар доираи қонунҳои амалкунанда ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ имконият дода шудааст, ки ба буҷети мактаб сармояҳои иловагиро ҷалб намоянд. Муассисаи таълимӣ метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи иловагиро бо роҳи хизматрасонии иловагии пулакӣ ва амалигардонии фаъолияти дигар, ки оинномааш пешбинӣ кардааст, инчунин аз ҳисоби эҳсонкорӣ ва пардохтҳои мақсадноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ ҷалб намояд.
Дарсҳои иловагии пулакӣ ин яке аз самтҳои ҷалб намудани сармоя ба буҷети муассиса мебошад.
Тибқи банди 36-и Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 тасдиқ гардидаст, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ бо хоҳиши падару модарон дар асосӣ шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва падару модарон таълими пулакӣ ташкил карда мешавад. Шакл ва намуди хизматрасонии иловагии пулакиро Низомномаи «Номгӯи хизмати иловагии таълими пулакӣ дар муассисаи таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян менамояд.  Низомномаи мазкур тақсимоти маблағҳои ҷамъовардаро ба танзим медарорад.
Дар давраи имзо намудани шартнома бо муассисаи таълимӣ волидайн бояд ба ҳар банди он диққати ҷиддӣ диҳанд ва дар ҳолати пайдо шудани нофаҳмиҳо ба муассиса муроҷиат намоянд. Дар маҷмӯъ,  дарсҳои иловагии пулакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дуруст ба роҳ монда шудаанд. Агар ба волидайн ва хонанда дарсҳои иловагӣ лозим набошанд, дар ин ҳолат шартнома баста намешавад ва волидайн маблағ намесупоранд. Таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ройгон мебошад.

Июль 20, 2016 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст