Губернатори Нижегород Валерий Шансев гуфт, ки дар Душанбе корхонаҳои муштарак роҳандозӣ менамоянд
Душанбе, 20.07.2016/ АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик байни шаҳрдории Душанбе ва вилояти Нижегороди Русия Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо рассад. Дар иртибот ба ин масъала гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Дар ин бора дар мулоқот бо Губернатори Нижегород В. Шантсев дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.
Боздид ва барномаи сафари кории Губернатори Нижегород барои таҳкими робитаҳо ва роҳандозии барномаҳои муштараки хамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва вилояти Нижегород ки орои иқтидорҳои бесобиқаи саноатию истеҳсолӣ ва илмию пажуҳишӣ аст, барои рушди инфрасохторӣ, таҷдиди заминаҳои моддию техникии нақлиёт бо ташкили корхонаҳои саноатию истеҳсолии муштарак нақши муассир хоҳад гузошт.
Валерий Шансев афзуд, ки зери сарпарастиаш таъсиси корхонаҳои муштарак дар Душанбе роҳандозӣ карда мешаванд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






