Гумрукчиёни Тоҷикистон беш аз 2700 ҳолати қонуншиканиҳоро ошкор намуданд

Июль 20, 2016 08:23

Душанбе, 20.07.2016 /АМИТ Ховар/. Беш аз 2700 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ дар ин давра аз ҷониби гумрукчиёни тоҷик ошкор гардидааст,  гуфт дар нишасти хабарӣ 19 июл Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф зикр кард,  ки аз ин омор беш аз 22 ададаш ҷиноят  буда,  13 ҳолат ба қочоқи  молу воситаҳои  нақлиёт, 2 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии  маводи нашъаовар, ба дигар ҷиноятҳои бахши гумрук 5 ҳолат рост омада, инчунин,  2 ҳолат ба ҷиноятҳои дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот ошкоршуда, марбут мебошад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб афзуд, дар ду ҳолати ошкор кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба миқдори умумии беш аз 10 кг маводи нашъаовари навъи ҳашиш мусодира гардид.
Роҳбари мақомоти гумруки кишвар таъкид кард, ки дар натиҷаи баррасии зиёда аз 2600 парвандаҳо марбут ба  ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, 2449 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи наздик ба 3 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 4 миллиону 68 ҳазор сомонӣ ҷарима ба Буҷети давлатӣ ситонида шудааст.
Инчунин, дар ин давра ба маблағи қариб 500 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира гардида, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ  4 миллиону 475 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рўёнида шуд.

Июль 20, 2016 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад