Холмурод Раҳмон: «Истифодабарандагон ҳаққи хизмати обрасониро саривақт пурра пардохт намекунанд»
Душанбе, 25.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру навоҳии кишвар наздик ба 6600 нафар истифодабарандагони об дар майдони беш аз 540 ҳазор гектар заминҳои обӣ шартномаи додугирифти обро ба имзо расониаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёда аз 6 ҳазор гектар зиёд мебошад.
Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин давра тибқи дархости кишоварзони кишвар ба онҳо дар ҳаҷми 1,8 миллиард метри мукааб бо маблағи беш аз 32 миллион сомонӣ хизматрасонӣ карда шудааст.
«Бо вуҷуди он, ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавии худро дар мавриди обрасонӣ ба истифодабарандагон пурра иҷро карда бошанд ҳам, аммо истифодабарандагон ҳаққи хизмати обрасониро саривақт пурра пардохт намекунанд», — афзуд Холмурод Раҳмон. Мавсуф таъкид кард, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон аз ҷониби истифодабарандагони об асосан хоҷагиҳои кишоварзӣ беш аз 16 миллион сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 170 ҳазор сомонӣ камтар мебошад.
Алҳол бақияи қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар назди ташкилоту корхонаҳои Агентӣ қариб 60 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки беш аз 12 миллион сомонӣ қарзи соли гузашта аст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






