Ҷилавгирӣ аз интиқоли асъори хориҷӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Июль 7, 2016 10:47

Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти гумруки кишвар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ дар ҳаҷми калон ҷилавгирӣ намуданд.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати кишвар иттилоъ медиҳад, ки зимни  барасмиятдарорӣ ва  назорати  гумрукии  мусофирон  дар хатсайри Душанбе — Истамбул аз шаҳрванд А.З. 26 800 доллари амрикоӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.  Шаҳрванд А. З. мехост бидуни ба расмиятдарории гумрукӣ ин миқдор асъор  хориҷиро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.
Нисбати шаҳрванд А. З. мувофиқи моддаи 289  қисми 1 и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ  парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

Июль 7, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст