Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистона
Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2016, як қатор кормандони раёсатҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар ҳамкорӣ бо кормандони БДА-и РВКД ҶТ дар вилояти Хатлон дар лагеру истироҳатгоҳҳо вохӯриҳо гузарониданд.
Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, иттилоъ доданд, вохӯрии навбатӣ дар байни хонандагону муррабиёни муассисаҳои таҳсилоти умумии рақами 1, 4, 5, 9, 14 -и шаҳри Сарбанд баргузор гардид.
Дар вохӯри оид ба пешгирии талаботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пешгирии урфу одатҳои бегона, Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳодисаҳои роҳу нақлиётие, ки аз тарафи ноболиғон ва донишҷӯён рух медиҳанд ва пешгирии ғарқшавии кӯдакону наврасон ҳангоми оббозӣ дар кӯлҳо, обанборҳо ва дарёҳо сӯҳбатҳо доир намуданд.
Инчунин, бо хонандагон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ саволу ҷавоб намуда, ба иштирокчиёни фаъол буклету китобчаҳо дар бораи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






