М. Шерман: «Бо амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам иқтисодиёт ва ҳам мардуми кишвар бо барқи аз нуқтаи назари экологӣ тоза, устувор ва дорои нархи арзон таъмин мегарданд»

Июль 14, 2016 16:07

Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Мақсади сафари ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани масъалаҳо ва барномаи имрӯзаи Бонки Ҷаҳонӣ мебошад, ки он ба беҳтар намудани некӯаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҳамкории мо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз маблағгузорӣ дар соҳаи энергетика инчунин инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст»,- иброз намуд дар назди хабарнигорон иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Мариам Шерман баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар пойтахти кишвар баргузор гардид.
Бино ба маълумоти Мариам Шерман, ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 лоиҳаро ба маблағи 355 млн. доллар амалӣ намуда истодааст.
Ба андешаи ӯ, дастрасӣ ба барқи аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва дорои нархи арзон барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафти мардуми кишвар ниҳоят муҳим аст.
«Зимни суҳбат бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои мушаххаси ҳамкорӣ эътибори хосса дода шуд, ки дар доираи он масъалаи барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии обии «Норак»-ро  таҳти баррасӣ қарор додем. Айни замон Бонки Ҷаҳонӣ 2 омӯзишро барои барқарорсозии нерӯгоҳи мазкур  гузаронида истодааст, ки он пеш аз ҳама ба таъмин намудани бехатарии нерӯгоҳ нигаронида шудааст.  Албатта, омӯзишҳои мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки як барномаи сармоягузории ҳамаҷониба барои барқарорсозии чунин нерӯгоҳи барои кишвар муҳим як имконият пешниҳод намояд. Дар натиҷаи он, мо метавонем амнияти нерӯгоҳро таъмин намуда, аз ҷониби дигар сатҳи таҳшиншавӣ ва ифлосшавии обро пешгирӣ намоем»,-илова намуд М. Шерман.
Иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ таъкид кард, ки фаъолияти Бонки Ҷаҳонӣ имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва сохторҳои гидроэнергетикӣ ниҳоят нақши муҳимро мебозад. Албатта, ин бо дарназардошти он ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳон 1,5 млрд. мардум ба барқ дастрасӣ надорад ва аз ҷониби дигар тағйирёбии иқлим торафт таъсири худро бештар гузошта истодааст, ниҳоят муҳим мебошад. Ба андешаи М. Шерман, амалисозии ин лоиҳаҳо дар соҳаи гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ҳам иқтисодиёт ва  ҳам мардуми кишвар бо барқи аз нуқтаи назари экологӣ тоза, устувор ва дорои нархи арзон таъмин гарданд.

Июль 14, 2016 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид