Машварати корӣ дар назди Пешвои миллат
Душанбе, 18.07.2016 /АМИТ «Ховар»/ Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуд.
Дар кори машварат, ки бо иштироки Котиби Шӯрои амният, Раиси Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъавори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Хадамоти гумрук ҷараён гирифт, масъалаи татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, масоили таъмини амнияти давлату миллат, волоияти қонун, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар корҳои судманд супоришҳои қатъӣ дода, таъкид дошт, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди ватандорӣ амнияти давлату миллатро таъмин созанд.
Дар машварат инчунин дастур дода шуд, ки баҳри омодабошии ҳамаҷонибаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ бо ҳамсоякишвари Афғонистон, таъмини моддию техникии отрядҳои сарҳадӣ ва қисмҳои низомӣ бо маводи ниёзи аввал, сару либос ва дигар муҳимоти ҷангӣ, тайёрии сохторҳои ҳарбӣ ба мавсими зимистон, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани маъракаи муҳими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии онҳо чорабиниҳои мушаххас андешида шавад.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






