МД «Сафина»: барои мутахассиси ҳақиқӣ иваз гардидани роҳбар мушкилӣ пеш намеорад
Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз нишасти матбуотии Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» баргузор гардид, ки дар он Каримҷон Азизов, муовини аввали директор оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассиса дар нимсолаи аввали соли 2016 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумоти мухтасар дод.
Каримҷон Азизов зикр намуд, ки дар шаш моҳи соли 2016 Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» ҳамарӯза аз шаҳру ноҳияҳои кишвар вобаста ба мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла дар мавзӯъҳои энергетикаи об, истифодаи оқилонаи барқ, лоиҳаҳои ин соҳа, аз қабили лоиҳаи бунёди хати барқии САSA-1000, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, касбомӯзӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, ки аз Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин аз дастоварҳои 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузоришҳо таҳия намуда, пешкаши тамошобинон гардонидааст.
Дар ин давра муассисаи мазкур тамоми воқеаву рӯйдодҳои фарҳангии кишварро тавассути гузоришу хабар, мусоҳибаву барномаҳои таҳлилӣ инъикос намудааст, аз ҷумла барномаҳои «Субҳ ба хайр Тоҷикистон!», «Тавлид», «Қиссаҳои боронӣ», «Шарораи зиндагӣ», «Нигоҳи нав», «Набзи модар», «Вожазори маонӣ», «Модарнома», «Ахтари умр», «Моҳият», «Равзанаи умр», «Андешаи рӯз», «Ҷашни ифат», «Паёми хуршед», «Соҳил», «Дараи Яғноб», «Вақт», «Муждаи эҷод», «Пайки Наврӯз», «Толори оинаҳо» ва «Хушгӯиҳои Наврӯз» таҳия гардида, манзури тамошобинон гардонид.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаи мазкур 7 филми мустанад, аз қабили «Савганди Пешвои миллат», «Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сулҳ баҳорест», «Бунёдкорӣ» ва «Кохи Наврӯз» таҳия гардидааст.
Сипас, байни роҳбарияти Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина» ва рӯзноманигорон суолу ҷавоб сурат гирифт.
Роҳбарияти муассиса ба суол дар мавриди давоми 1 соли охир аз кор рафтани журналистон посух дода, аз ҷумла зикр намуданд, ки барои мутахассиси ҳақиқӣ иваз гардидани роҳбар мушкилӣ пеш намеорад. Дар ин муддат, онҳое аз кор рафтанд, ки тариқи шартнома дар муассисаи мазкур кор мекарданду аксарашон ҷойи кори асосӣ дошта, бархе аз онҳо донишҷӯ буданд, ки фаъолияташон ба талабот ҷавобгӯ набуд.













Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






