Намояндаи навтаъйини БОҶ дар Тоҷикистон ба муовини вазири корҳои хориҷии кишвар эътимоднома супорид
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 июл муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Намоянда, мудири кишварии тозатаъйини Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Паоло Маттейро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар оғози мулоқот М. Ҳусейнзода П. Маттейро барои таъйин гардиданаш ба ин мақом табрик гуфта, барои иҷрои вазифаи пурмасъулаш барору комёбӣ таманно намуд.
«Дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону БОҶ, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, расонидани кумак дар ҳолатҳои фавқулодда ва татбиқи барномаҳои минбаъда табодули афкор намуданд», — омадааст дар иттилоияи ВКХ.
Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки дар фарҷоми суҳбат Паоло Маттей эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






