Неъматулло Эмомзода: «Миёни Тоҷикистон ва Эрон беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст»

Июль 26, 2016 13:23

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки васеи рӯзноманигорони дохилӣ ва хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҶИЭ ва ҳайати дипломатии муқими Эрон  дар робита ба  таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт»,  ки баргузории он  9 -11 августи соли  2016 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, нишасти хабарӣ  баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар ҶИЭ Неъматулло Эмомзода оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар давраи истиқлолият сухан ронда, аз таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ташаккули сиёсати хориҷии кишвар ва  аҳамияти пеш гирифтани сиёсати «дарҳои боз», роҳандозӣ ва  таҳкиму густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам ёдовар шуд.
Неъматулло Эмомзода дар бораи равобити гуногунҷанба ва мутақобилан судманди ду кишвар сухан ронда, зикр намуд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон то ба имрӯз беш аз 160 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст.
Сафир дар бораи масоили об ва мушкилоти вобаста ба он дар арсаи ҷаҳон ҳарф зада, зимнан аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод. Ҳамчунин оид ба Ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» дар  Душанбе ва ҳадафҳои он барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он, сухан ронда изҳор намуд: «Имрӯз дар шароити таъсири афзояндаи равандҳои глобалӣ ба захираҳои об ва афзоиши якбораи истифодаи об, дарёфт ва ба таври доимӣ беҳтар намудани муколама ва шарикӣ оид ба масъалаҳои об, роҳандозии ҳамкории самарабахшу оқилона дар соҳаи об ба эҷоди рушди устувор, коҳиши камбизоатӣ, нигаҳдории тавозун ва устувории экологӣ ва  умуман, таъмини сулҳу амонӣ мусоидат хоҳад кард».

Июль 26, 2016 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар