Оғози имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ

Июль 1, 2016 11:01

Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Имрӯз, дар 43 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 12 ҳазор довталаби азқайдгузашта дар назар аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки   соли 2016 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 нафарро ташкил мекунад.
Тавре, ки аз Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,   имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 15 шаҳру ноҳияҳои инихобшудаи ҷумҳурӣ дар 43 маркази имтиҳоние, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки имтиҳонҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 13-уми июл дар марказҳои имтиҳонӣ ва аз рӯйи қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) аз 25-уми июн то 5-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегарданд.
Бояд гуфт, ки эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо тибқи нақша 25 июл  пешбинӣ гардидааст. Инчунин натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро муассисаҳои таълимии дахлдор дар давоми 1-2 рӯз пас аз имтиҳонҳои мазкур ва Марказ 25- уми июл эълон менамояд.

Июль 1, 2016 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад