Олмон ба беҳтаршавии сифати хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон кумак менамояд

Июль 2, 2016 09:10

Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими  имзои Шартномаи оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант)  аз ҷониби  Олмон ба барномаи соҳаи тандурустӣ доир гардид.
Санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон Кристин Лаабс имзо намуданд.
Тибқи ин шартнома Ҳукумати Олмон барои татбиқи давраи 5-уми лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ» ба Тоҷикистон кумаки молиявӣ пешниҳод менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи барномаи мазкур қаблан 27,5 млн. евро ҷудо гардида буд, ки он ҷиҳати такмили соҳаи тандурустӣ ва таҷдиди таваллудхонаҳо, расондани ёрии таъҷилӣ дар беморхонаҳои марказии вилоят ва ноҳияҳои вилояти Хатлон равона шудааст.
Гуфта мешавад, ки бо татбиқи ин барнома дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ беҳтар мегардад.

Июль 2, 2016 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад