Ошкор гардидани зарарҳои молиявӣ дар вазорату кумитаҳо ва сохторҳои тобеи онҳо
Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Санҷишҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли равон зиёда аз 221 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд, ки ба ҳар як объекти тафтишкардашуда ба ҳисоби миёна 391,5 ҳазор сомонӣ рост меояд. Аз ҷумла дар фаъолияти молиявию хоҷагидории Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва зерсохторҳои он 31,6 млн. сомонӣ зарарҳои молиявӣ ошкор гардиданд.
Давлатбек Хайрзода, муовини директори Агентӣ зимни нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, чунин изҳор кард: «Натиҷаҳои ниҳоии тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки вазъи нигоҳдории воситаҳои пулӣ дар хазинаҳои бонк, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳолатҳои қарздиҳӣ ба мизоҷон тавассути бахш ва оҷонсиҳо, дар сохторҳои тобеи Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» комилан аз доираи назорати роҳбарияти садорат берун мондааст. Зарарҳои молиявии нисбатан калони ошкоргардида ба филиалҳои бонк дар шаҳру ноҳияҳои Сино (18 млн. 940,4 сомонӣ), шаҳри Хоруғ (4 млн. 152,7 сомонӣ), Мурғоб (1 млн. 82,3 сомонӣ), Тоҷикобод (965,5 ҳазор сомонӣ), ноҳияи Лахш (565,9 ҳазор сомонӣ), ноҳияи Нуробод (399,0 ҳазор сомонӣ), ноҳияи Ҷомӣ (284,1 ҳазор сомонӣ) ва ба раёсати БДА «Амонатбонк» 2 млн. 612,3 ҳазор сомонӣ рост меоянд».
Иттилоъ дода шуд, ки нисбат ба шахсони масъули ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дастзада парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, барои барқарор намудани маблағҳои зарари молиявии расонидашуда тибқи талаботи қонун чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Хароҷоти ғайриқонунии пуливу молӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пуливу молӣ аз бесарусомонӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ва дигар амалҳое, ки зарари молиявӣ овардаанд, дар фаъолияти молиявию хоҷагидории сохторҳои Вазорати энергетика ва захираҳои об (47,0 млн. сомонӣ), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (7,6 млн. сомонӣ), Вазорати нақлиёт (ҶСК «Тоҷик Эйр» ва «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ба маблағи 6,3 млн. сомонӣ), Вазорати мудофиа ва сохторҳои он (2,5 млн. сомонӣ), инчунин дар сохторҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ошкор гардиданд.
Аз ҳаҷми умумии зарари молиявӣ 125,5 млн. сомонӣ барқарор шудааст, ки қариб 53 фоизи зарари ошкоргардидаро ташкил медиҳад. Ба буҷети давлатӣ 86,6 млн. сомонӣ ва ба ҳисоби корхонаҳо 38,9 млн. сомонӣ маблағҳо барқарор карда шуданд.
Ғайр аз ин, дар натиҷаи чораҷӯии мутахассисони Агентӣ аз ҳисоби маблағи бақияпулиҳои андоз, кам кардани маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ, кам кардани қарзҳои беасоси кредиторӣ дар маҷмӯъ 140,5 млн. сомонӣ маблағҳо барқарор гардиданд, ки 91,7 млн. сомонии он ба буҷети давлат ворид карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2007 таъсис дода шуда, ба зиммаи он пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, санҷишу тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дар доираи қунунгузорӣ анҷом додани назорати давлатии молиявӣ дар ҳамаи сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаву муассисаҳо новобаста аз тобеият ва шакли хоҷагидорӣ гузошта шудааст.
Фаъолияти Агентӣ ба пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, сӯиистифода аз мансаб, тамаъҷӯӣ, таъмини истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, талаботи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва паст кардани сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ равона карда шудааст.








Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд






