Ошкор гардидани зарарҳои молиявӣ дар вазорату кумитаҳо ва сохторҳои тобеи онҳо

Июль 29, 2016 15:18

Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Санҷишҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли равон зиёда аз 221 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд, ки ба ҳар як объекти тафтишкардашуда ба ҳисоби миёна 391,5 ҳазор сомонӣ рост меояд. Аз ҷумла дар фаъолияти молиявию хоҷагидории Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва зерсохторҳои он 31,6 млн. сомонӣ   зарарҳои молиявӣ ошкор гардиданд.
Давлатбек Хайрзода, муовини директори Агентӣ зимни нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, чунин изҳор кард: «Натиҷаҳои ниҳоии тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки вазъи нигоҳдории воситаҳои пулӣ дар хазинаҳои бонк, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳолатҳои қарздиҳӣ ба мизоҷон тавассути бахш ва оҷонсиҳо, дар сохторҳои тобеи Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» комилан аз доираи назорати роҳбарияти садорат берун мондааст. Зарарҳои молиявии нисбатан калони ошкоргардида ба филиалҳои бонк дар шаҳру ноҳияҳои Сино (18 млн. 940,4 сомонӣ), шаҳри Хоруғ (4 млн. 152,7 сомонӣ), Мурғоб (1 млн. 82,3 сомонӣ), Тоҷикобод (965,5 ҳазор сомонӣ), ноҳияи Лахш (565,9 ҳазор сомонӣ), ноҳияи Нуробод (399,0 ҳазор сомонӣ), ноҳияи Ҷомӣ (284,1 ҳазор сомонӣ) ва ба раёсати БДА «Амонатбонк»  2 млн. 612,3 ҳазор сомонӣ рост меоянд».
Иттилоъ дода шуд, ки нисбат ба шахсони масъули ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дастзада парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, барои барқарор намудани маблағҳои зарари молиявии расонидашуда тибқи талаботи қонун чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Хароҷоти ғайриқонунии пуливу молӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пуливу молӣ аз бесарусомонӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ва дигар амалҳое, ки зарари молиявӣ овардаанд, дар фаъолияти молиявию хоҷагидории сохторҳои Вазорати энергетика ва захираҳои об (47,0 млн. сомонӣ), Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (7,6 млн. сомонӣ), Вазорати нақлиёт (ҶСК «Тоҷик Эйр» ва «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ба маблағи 6,3 млн. сомонӣ), Вазорати мудофиа ва сохторҳои он (2,5 млн. сомонӣ), инчунин дар сохторҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ошкор гардиданд.
Аз ҳаҷми умумии зарари молиявӣ 125,5 млн. сомонӣ барқарор шудааст, ки қариб 53 фоизи зарари ошкоргардидаро ташкил медиҳад. Ба буҷети давлатӣ 86,6 млн. сомонӣ ва ба ҳисоби корхонаҳо 38,9 млн. сомонӣ маблағҳо барқарор карда шуданд.
Ғайр аз ин, дар натиҷаи чораҷӯии мутахассисони Агентӣ аз ҳисоби маблағи бақияпулиҳои андоз, кам кардани маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ, кам кардани қарзҳои беасоси кредиторӣ дар маҷмӯъ 140,5 млн. сомонӣ маблағҳо барқарор гардиданд, ки 91,7 млн. сомонии он ба буҷети давлат ворид карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2007 таъсис дода шуда, ба зиммаи он пешгирӣ ва ошкор намудани  ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, санҷишу тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дар доираи қунунгузорӣ анҷом додани назорати давлатии молиявӣ дар ҳамаи сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаву муассисаҳо новобаста аз тобеият ва шакли хоҷагидорӣ гузошта шудааст.
Фаъолияти Агентӣ ба пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, сӯиистифода аз мансаб, тамаъҷӯӣ, таъмини истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, талаботи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва паст кардани сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ равона карда шудааст.

Июль 29, 2016 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид