Овозхони шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт

Июль 5, 2016 12:46

Душанбе, 05.07.2016/АМИТ «Ховар/. Санъати овозхонии тоҷик талафоти калон дод. Дар сини 56 солагӣ ҳунарманди шинохтаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон собиқ роҳбари ансамбли «Гулшан»  Субҳони Саид шаби 5-уми июл бар асари бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Субҳони Саид дар соли 1983-уми қарни 20 ба саҳнаи ҳунари овозхонӣ қадам гузошта, бо саъю талош, истеъдоди фақулодда ва сабку услуби хосаи ҳунари сарояндагӣ дар солҳои 90-уми саддаи 20 яке аз овозхонҳои маъруфи кишвар буд ва дар  байни мардум бо оҳанг ва суруди таронаҳои дилошӯбаш маҳбубияти хоса дошт.
Субҳони Саид  соли 1960 дар Ҳисор таваллуд шуда, таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш деҳаи Кушкак гирифтааст. Баъд аз хатми  Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ тӯли ду сол 1979-1981 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст. Баъди бозшгашт аз сафи Артиш дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ва дар давоми солҳои 1983- 1985 дар  ансамбли эстрадии дар он солҳо овозадори  Суғдиён  фаъолият намудааст. Инчунин Субҳони Саид дар  дастаи ҳунарии Ганҷина-и Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси овозхон кор карда, дар солҳои 1993-2008 роҳбари ансамбли эстрадии «Гулшан»-ро ба ӯҳда дошт. Субҳони Саид  дар тули умри кутоҳи худ бо оҳанг ва суруду таронаҳои дилчаспаш  дар байни мардум  шӯҳратёр гардида, ҳамчун овозхони беҳтарин эътироф гардиааст. Соли 2003  дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки миёни овозхонҳои сабки эстрада доир шуд, Субҳони Саид мақоми аввалро касб намуда, «Ситораи сол» эълон гардид.

Июль 5, 2016 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад