Роҳбарияти КҲФ ва МГ бо намояндагони «Барномаи озуқаи СММ» мулоқот намуд
Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони «Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ» таҳти сарварии Рупак Манваткар, роҳбари лоиҳаи «Барномаи ҷаҳонии озуқа оид ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ» мулоқот баргузор кард.
Р. Назарзода ба меҳмонон дар бораи тадбирҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудуди Тоҷикистон иттилоъ дода, зикр намуд, ки яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани офати табиӣ тағйирёбии иқлим мебошад.
Р. Назарзода ба Рупак Манваткар барои расонидани кумаки башардӯстона ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт: «Ман мехоҳам барои кумаки башардӯстонае, ки «Барномаи созмони ҷаҳонии озуқаи СММ» ба аҳолии зарардида расонд, изҳори ташаккур кунам, чун онҳо дар он шабу рӯз ниёзманди ин гуна ёриҳо буданд».
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, татбиқи тарҳҳои муштарак, вокуниши саривақтӣ ба фалокатҳо, ташкили иттилоърасонӣ, огоҳ намудани мардум дар бораи хатару таҳдидҳои таббиӣ, омодасозии мутахассисон-наҷотдиҳандагон ва расонидани ёриҳои техникиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид карда шуд, ки сатҳи ҳамкории судманд миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ» имкон медиҳад, дар оянда низ ба таҳдидҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ вокуниш ва муқовимати зарурӣ нишон дода шавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






