Роналдо ва Нанӣ Португалияро ба бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 бароварданд

Июль 7, 2016 09:00

Душанбе, 7.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин дастае, ки ба бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо роҳхат гирифт, ин дастаи мунтахаби Португалия мебошад, ки шоми дирӯз дар баробари тими мунтахаби Уэлс ба майдон омад ва бо голҳои задаи Криштиано Роналдо(50) ва Нанӣ(53) бо ҳисоби 2:0 ба ғалаба комёб гардид.
Дастапрварони Фернанду Сантуш дар шашумин дидори бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 ба аввалин ғалабаи худ дар рафти бозӣ(то ин дам тими мунтахаби Португалия дар вақти иловагӣ ва силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ) ба ғалаба қодир шуданд. Муборизаи рӯ ба рӯи Криштиан Роналдо ва Гарет Бейл дар нимаи аввал ба ғайр аз ду зарбаи на он қадар назаррас дар хотири мухлисон боқӣ монданд, аммо дар нимаи дуввуми вохӯрӣ  бартарии ситораи барзилиягиҳои аврупоӣ, -Криштиан Роналдо бараъло ба чашм расид ва ӯ на танҳо бо голи нӯҳумаш дар силсилаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо ҳисобро бо Мишел Платинии фаронсавӣ баробар кард, балки ба голи дуввуми дастааш дар иҷрои Нанӣ кӯмак расонд.
Тими мунтахаби Португалия дар таърихи худ маротибаи дуввум ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт(аввалинаш с. 2004) ва ин навбат имкон дорад, Ҷоми Аврупоро ба кишвараш барад. Бозии дуввуми нимниҳоӣ имрӯз бо ширкати мизбони бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016, дастаи мунтахаби Фаронса ва Олмон баргузор мешавад, Португалияро на ба ҳайси фаворит, балки дастаи иштирокдори бозии ниҳоӣ муаррифӣ мекунанд.

Июль 7, 2016 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд