Ронандаи мошини «БМВ», ки писарбачаи 10-соларо пахш намуд, дастгир шуд

Июль 11, 2016 16:39

Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 9 июли  соли равон тахминан соати 15:10 мошини тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Ваҳдат»,  дар рӯ ба рӯи ҷамоати деҳоти Гулистон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарбачаи 10-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ронандаи мошини тамғаи «БМВ», марди 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро дар робита ба ҳодисаи мазкур дастгир намуданд.
Корҳои тафтишотӣ оид ба ин воқеа идома доранд.

Июль 11, 2016 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон