Шиносоии Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар вилояти Суғд

Июль 5, 2016 12:27

Душанбе, 05.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 4-5 уми июли соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ шинос шуд.
Дар шаҳри Панҷакент Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалли бунёди манзилҳои нав барои зарардидагони офати табиӣ дар деҳоти Халифа Ҳасан дидан кард. Тавре иттилоъ дода шуд, бар асари боришот ва сели зиёд дар ин деҳот беш аз 15 манзили сокинон пурраву қисман хароб гардида, ба хоҷагии халқи шаҳри Панҷакент зарари калон расонд. Бар асари ин офати табиӣ ҳамчунин як қисм роҳу купрукҳои мавзеи сойи Зебон харобу корношоям шудаанд. Дар мавзеи Хамиртеппаи шаҳри Панҷакент айни замон бо дастур ва роҳнамоии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манзилҳои нав ва барқарорсозии қисматҳои харобгардидаи роҳу купрукҳо бомаром идома доранд. Бино ба иттилои масъулини соҳа то 1-уми августи соли равон бунёди манзилҳои нав барои зарардидагони офатҳои табиӣ ба анҷом расонида мешавад.
Сел  Дар идомаи сафар ба вилояти Суғд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин дар ноҳияҳои Айнӣ ва Ашт бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар деҳоти алоҳидаи ин ду ноҳия шинос шуд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Ашт офатҳои табиӣ асосан ба роҳу купрукҳо, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасони онҳо, инчунин хатҳои барқу оби нӯшокӣ зарари зиёд расонидааст. Мувофиқи маълумоти пешакии Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳия бар асари баланд шудани сатҳи оби сой дар деҳоти Ашт чор манзили истиқоматӣ пурра ва 9 манзили истиқоматии дигар қисман хароб гардида, роҳи маҳаллии байни деҳаҳо дар масофаи 13 км корношоям шудааст.
Сарвазири мамлакат зимни шиносоӣ бо ҳолати корҳои барқарорсозии иншооти гуногун ва манзилҳои истиқоматӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар масъулони дахлдори соҳаро барои таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ ва ҳалли мушкилоти мардуми зарардида вазифадор карда, аз онҳо талаб намуд, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табииро дар ин шаҳру навоҳӣ дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва мувофиқ ба нақшаву лоиҳаҳои тарҳрезишуда анҷом диҳанд.

Июль 5, 2016 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст