Шукронаи 5-сола чемпиони Тоҷикистон оид ба шашка гардид
Душанбе, 28.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шашка доир гардид.
Мусобиқа, ки беш аз 130 варзишгарро дар шаҳри Душанбе ба ҳам оварда буд, анҷом ёфт. Пас аз чанд рӯзи рақобат беҳтарин бозингарон муайян гардида, бо медалу ифтихорномаи мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.
Шукрона Саидоваи 5-сола хурдарин варзишгаре буд, ки унвони чемпиони Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ба даст овард. Ба гуфти волидайни ӯ, Шукрона дар натиҷаи худомузӣ бозии шашкаро аз худ кардааст. Дар охирин рӯзи мусобиқа беҳтарин варзишгарон миёни писарон ва духтарон барои касби ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат намуданд. Дар мусобиқа иштироки духтарон чашмрас буд ва онҳо хостори ҳарчи бештар баргузор шудани ин гуна мусобиқот буданд. Баргузории чунин мусобиқаҳо барои рушди зеҳнии наврасону ҷавонони тоҷик мусоидат хоҳад кард.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






