Шумораи муҳоҷирон дар Суғд коҳиш ёфтааст

Июль 14, 2016 11:20

Хуҷанд, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни нишасти хабарӣ вобаста ба таҳлили вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ва ташкили ҷойҳои нави корӣ зикр намуд, ки  маҳз дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт, тибқи омори расмӣ давоми се соли охир теъдоди умумии  муҳоҷирони вилоят  нисбат ба соли 2013  ба 50 ҳазор нафар коҳиш ёфта, аксари онњо айни замон ба корҳои кишоварзӣ, сохтмони шаҳракҳои навбунёд ва омӯзиши касбҳои аљдодӣ ба марказҳои касбомузӣ ҷалб гардидаанд.
Ба иттилои Абдураҳмон Қодирӣ, дар вилоят давоми дуюним соли охир гузаронидани ислоҳоти кишоварзӣ нақши муассир гузошт. Дар заминаи гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ тӯли солҳои 2014-2015 дар миқёси вилоят зиёда аз 3700 хоҷагии деҳқонӣ ташкил ва 52 кооперативи кишоварзӣ таҷдид карда шудаанд. Ба ҳолати 20 июни соли равон, тибқи маълумоти фаврӣ, дар ҳудуди вилоят 63 ҳазору 157 хоҷагии инфиродӣ ва оилавӣ таъсис дода шудаанд, ки ба ин васила деҳќонон соҳиби қитъаи замин гардида, бо фароҳам гардидани имконият доир ба парвариш намудани зироати дилхоњ ва истеҳсоли меваю сабзавот ҳазорҳо нафар сокинон бо ҷои корї таъмин гардиданд, ки он ба коҳиши теъдоди муҳоҷирон, хусусан муҳоҷирзанон, то андозае нақш гузошт.
Далели ин гуфтаҳо, танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 209 млн. сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва дар умум ба 1 миллиарду 256 млн. сомонӣ баробар шудани он ба ҳисоб меравад.

Июль 14, 2016 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад