Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ: 83 нафар бо гумони кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд

Июль 21, 2016 07:48

Душанбе, 21.07.16. /АМИТ «Ховар»/.   Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ ва дар алоҳидагӣ ҳамагӣ 695 кг 732 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 11 кг 54 гр героин, 91 кг 448 гр афюн  ва  592 кг 744 гр маводи гурӯҳи каннабис,  490 дона  доруи мадҳушкунандаи экстаз  аз қочоқчиёни афғон  мусодира намуда,  363 494 бех  ниҳоли банги ҳиндиро сӯзонида нобуд карданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» Муҳаммад Улуғхоҷаев,  сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод,  дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар нимсолаи аввали соли 2016 зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ пешгирии кӯшиши вайронкунии сарҳади давлатӣ 83 нафар, вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ 121 нафар, вайронкунандагони реҷаи  сарҳади давлатӣ  66 нафар,  вайронкунандагони сарҳади давлатӣ 151 нафар, аз ҷумла  шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 108 нафар ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон 14 нафар боздошт карда шудаанд.
Сарҳадчиён дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ  29  амалиёти махсус гузарониданд, ки 12-тои он бо кормандони КДАМ ҶТ мебошад.
Инчунин дар нимсолаи аввали соли 2016 дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳади давлатӣ 15 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омадааст, кӯшиши убури хати сарҳад 7 маротиба пешгирӣ карда шуда, 13 нафар қочоқчиён дастгир шудаанд, 7 нафар вайронкунадагони хати сарҳад ва нашъаҷалобон нобуд карда шуда, 2 нафар захмдор шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ сарҳадчиёни тоҷик 19 яроқи оташфишон, 415 дона лавозимоти ҷангӣ, 297 кг маводи тарканда дарёфт ва мусодира намудаанд.

Июль 21, 2016 07:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд