Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳамаи шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва ҳимматбаланд
Душанбе, 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар радифи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби садақаи фитр ва закоти молашон дар кумаку дастгирӣ ва ғамхорӣ ба зарардидагони офати табиии рӯзҳои 12-14 майи соли 2016 дар ҳудуди деҳоти Зайнабобод ва шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯх дода, саҳмгузорӣ намудаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда, қайд менамояд, ки сокинони ноҳия хайру саховат ва эҳсонкориҳои онҳоро фаромӯш нахоҳанд кард ва ҳамеша дар хотир хоҳанд дошт. Аз ҷумла, хайру эҳсони:
-соҳибкор Н.Н.-ро ки аз ҳисоби закоти молаш ба 160 нафар зарардидагони офати табиӣ ба маблағи 155 000 (яксаду панҷоҳу панҷ ҳазор) сомонӣ, (ба 150 нафар як ҳазор сомонӣ) ва 5000 (панҷ ҳазор сомонӣ)-и дигар (ба 10 нафар панҷсад сомонӣ), ҷамъ 155 000 (яксаду панҷоҳу панҷ ҳазор) сомонӣ кумак кардааст;
-соҳибкори инфиродӣ А.С., ки аз ҳисоби закоти молаш ба 72 хоҷагии зарардидаи деҳаи Адолати деҳоти Зайнабобод, ба ҳар хоҷагии шахсӣ таҷҳизоти рӯзгор, аз ҷумла оина-трюмо, ҷевони ошхона (кухонный шкаф) ва мизу курсӣ, ба ҳар як хоҷагӣ бо арзиши 1650 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 118 800 (яксаду ҳаждаҳ ҳазору ҳаштсад) сомонӣ хайр кардааст;
-соҳибкори инфиродии дигар Ю.Б. низ аз ҳисоби закоти молаш ба 80 хоҷагӣ(150 оила)-и зарардидаи деҳаи Комсомоли деҳоти Зайнабобод бо арзиши 21 000 (бисту як ҳазор) сомонӣ орд ҳадя намуд;
-соҳибкори инфиродии дигар А.И. низ аз ҳисоби закоти молаш ба 150 хоҷагӣ (150 оила)-и камбизоати деҳоти Роҳатӣ ба ар як оила 1000 сомонӣ ҷамъ ба андозаи 15 0000 (яксаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ орд ҳадя намуд;
-соҳибкори инфиродӣ Х.Ч., ки аз ҳисоби захираҳояш барои сохтмони 32 хонаи пурра зарардида ба маблағи 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ 640 000 (шашсаду чил ҳазор) дона хишт (ба ҳар як хоҷагии зарардида 20 000 донагӣ) эҳсон намудааст;
-Ф.Ш.-шахси хайрхоҳ, ки 10 100 (даҳ ҳазору сад) литр сӯзишвории дизелиро барои истифода кардан дар корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ тақдим намудааст;
-соҳибкори дигар У.Р. низ 1 000 (ҳазор) литр сӯзишвории дизелиро бо ин мақсад тақдим кардааст.
-ташкилоти дигар аз ҳисоби пасандозҳои худ 33 халта орд, 66 дона либосои варзишӣ ба оилаҳои зарардидаи деҳаи Комсомоли деҳоти Зайнабобод ҳадя намуд;
-масҷидои Ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳия пасандозҳои худ 81 (ҳаштоду як) ҳазор сомонӣ ба оилаҳои зарардидаи шаҳраки М.Турсунзода деҳоти Зайнабобод ҷудо намуданд;
-соҳибкори инфиродии дигар Б.И. низ аз ҳисоби закоти молаш ба 75 халта орди 25 кг, 75 халта пиёз ва равған ба зарардидаи шаҳраки М.Турсунзода ҳадя намуд;
-соҳибкори инфиродии дигар И.С. низ аз ҳисоби закоти молаш 10 тонна орд, ба маблагӣ 30 сӣ ҳазор сомонӣ, 5лт ба 200 хоҷагӣ равған ба маблагӣ 900 (нуҳ ҳазор) сомонӣ, қанд 25 кг ба 200 хоҷагӣ ба маблағи (35 сиву панҷ) ҳазор сомонӣ, биринҷ 25 кг ба 200 хоҷагӣ ба маблагӣ 40 (чил ҳазор) сомонӣ ҷамъ ба маблагӣ 114 (яксаду чорда 114 ҳазор) сомонӣ ба оилаҳои зарардидаи деҳоти Зайнабобод ҳадя намуд;
То имрӯз аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатманд ба ятимону маъюбон ва оилаҳои аз офати табии зарардида, аз ҳисоби фитри рӯза, закоти мол ва хайрияҳо зиёда аз як миллион сомонӣ бо ҳадяи маводҳои хӯрока ва либоса дастрас шуда, корҳои хайриявию дастгирии табақаҳои ниёзманд идома дорад.
Сафи чунин ҷавонмардони саховатманду хайрхоҳ ва эҳсонпеша, ки аз ҳисоби садақаи фитр ва закоти молашон дар кӯмаку дастгирӣ ва ғамхорӣ ба зарардидагони офати табиии рӯзҳои 12-14 майи соли 2016 дар ҳудуди деҳоти Зайнабобод ва шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ рухдода, инчунин ятимони кулл, оилаҳои ду ва зиёда аз ду нафар маъюбдошта, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии бачагони кару гунг ва сустшунаву деркаршудаи ноҳия ва дигар ниёзмандони сокини ноҳия саҳмгузорӣ намудаанд, рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар баробари ҳама муҳтоҷону ниёзмандон аз онҳо ҳамеша миннатдору сипосгузор хоҳад буд.








Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад






