Сокинони кишвар дар нимсолаи аввали соли 2016 тариқи телефонҳои боварӣ беш аз ҳазор маротиба муроҷиат намудаанд
Душанбе, 14. 07.16. /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз се сол аст, ки ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеа тариқи фаъолияти босамари телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ роҳандозӣ шудааст. Бо назардошти аҳамияти чунин алоқаи муфид бо аҳолӣ телефонҳои боварии сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва дар минтақаи Рашт низ ташкил шуда, айни замон фаъолият доранд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, дар муддати нимсолаи аввали соли 2016 аҳли ҷомеа тариқи телефонҳои боварӣ 1080 маротиба муроҷиат намудаанд. Баъди санҷишҳои мақсаднок гузаронидашуда дар 317 ҳолат хабарҳо тасдиқ гардидаанд, ки аз ин 102 муроҷиат ба Вазири корҳои дохилӣ, 125 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Суғд, 46 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Хатлон, 23 муроҷиат ба сардори РВКД дар ВМКБ, 20 муроҷиат ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе ва як муроҷиат ба сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт мебошад. Вобаста ба 101 муроҷиати шаҳрвандон санҷишҳои дахлдор идома дошта, дигар муроҷиатҳо дар рафти санҷиш тасдиқ нагардидаанд.
Тариқи телефони боварӣ, дар маҷмӯъ дар 692 ҳолат оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо хабар дода шуда, баъди санҷишҳо муайян гардид, ки аз ин дар 75 ҳолат оид ба содиршавии ҷиноятҳо ва дар 617 ҳолат оид ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ хабар дода шудааст.
Бинобар иттилои манбаъ, омӯзиши муроҷиатҳо нишон дод, ки шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун тариқи телефони боварӣ муроҷиат менамоянд, лекин бештари муроҷиатҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Аз ҷумла, аз рӯи аризаи шаҳрванд Тоирова Нодира Разоқбердиевна аз ҷониби РВКД дар шаҳри Душанбе, 13 январи соли ҷорӣ барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ нисбати шаҳрванд Назаров Бахтиёр парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 1 и КҶ ҶТ оғоз гардидааст.
Ҳамчунин, 25 майи соли ҷорӣ, ШВКД дар ноҳияи Фархор аз рӯи аризаи шаҳрванд Салимов Ёраҳмад Маҳмадраҳимович барои лату кўб парвандаи ҷиноятӣ №6676 бо моддаи 237, қисми 3, банди «А»-и КҶ ҶТ нисбати шаҳрванд Қурбоналӣ Саидхон Сафарзод оғоз гардидааст.
Ҳамин тавр дар дигар шаҳру ноҳияҳо боз аз рӯи муроҷиатҳо тариқи телефони боварӣ ба сардорони РВКД дар дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Таҳлили фаъолияти телефонҳои боварӣ нишон дод, ки ба воситаи телефони боварӣ ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитсия, бо аҳолӣ дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор вусъат меёбад.
Бояд зикр кард, ки ҳамкориҳо баъди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ», ки моҳи июни соли 2012 интишор гардидааст, вусъат пайдо карда, рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст, зеро шароити имрӯза чунин ҳамкориҳоро тақозо дорад. Вазорати корҳои дохилӣ ҳам бо мақсади боз ҳам беҳтар таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳамкории мақомоти корҳои дохилиро бо аҳолӣ на танҳо тариқи телефони боварӣ, инчунин бо дигар роҳу воситаҳои таҳкимкунанда ба роҳ мондааст.
Телефонҳои боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2212121) ва сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе (2211500), вилоятҳои Хатлон (221313), Суғд (2263038), ВМКБ (2224203) ва минтақа ва ноҳияи Рашт (22121) шабонарӯзи фаъолият дошта, ҳамеша омодаанд муроҷиати сокинони кишварро қабул намоянд.








ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд






