«Старекс» дар дарёи Панҷ ғарқ шуд
Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 19 июли соли равон тахминан соати 08:00 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе дар ҳудуди деҳаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ духтарчаи 4-соларо, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Дарвоз низ як садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод. Ронандаи мошини тамғаи «Старекс», марди 55-солаи сокини ноҳияи Дарвоз ҳангоми ҳаракат аз самти Хоруғ ба самти Душанбе, дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба чуқурии 25 метр чаппа намуда, дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст.
Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, мусофири дохили мошин, зани 46-солаи сокини шаҳри Хоруғ бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






