«Старекс» дар дарёи Панҷ ғарқ шуд

Июль 20, 2016 15:55

Душанбе, 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 19 июли соли равон тахминан соати 08:00 ронандаи мошини тамғаи  «Опел-Вектра», марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе дар ҳудуди деҳаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ духтарчаи 4-соларо, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Дарвоз низ як садамаи нохуши нақлиётӣ рух дод. Ронандаи мошини тамғаи «Старекс», марди 55-солаи сокини ноҳияи Дарвоз ҳангоми ҳаракат аз самти   Хоруғ ба самти  Душанбе, дар деҳаи Рӯзвайи ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба чуқурии 25 метр чаппа намуда, дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст.
Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, мусофири дохили мошин, зани 46-солаи сокини шаҳри Хоруғ бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Июль 20, 2016 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад