Тӯли ним сол беш аз 13 ҳазор сайёҳ ба Ҳисор ташриф оварданд
Ҳисор , 20.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Вуруди сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеҳои таърихии шаҳри Ҳисор ба маротиб афзуд», — иброз дошт раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни нишасти хабарие, ки дирӯз доир гардид.
Аз ҷумла дар нимсолаи аввал беш аз 13 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихии Ҳисор боздид ба амал оварданд.
Заҳматкашони шаҳр нимсолаи аввалро бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд. Алҳол ҷамъоварии ғалла, мева ва сабзавот бо маром идома доранд. Кишоварзон аз майдони 200 гектар пиёз ҳосили фаровон ҷамъ оварданд. Имсол деҳқонон дар масоҳати 634 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд.
Барои мулки Ҳисор, ки ба муносибати 3 000-солагиаш ободу зебо гашт ва ба шаҳр табдил, ёфт боиси хурсандист, ки корҳои ободонию созандагӣ имрӯз низ босуръат идома доранд.
Аз ҷумла то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 иншооти муҳим мавриди истифода қарор мегирад ва дар 23 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Дар ҷараёни нишасти хабарӣ, ки гурӯҳи зиёди рӯзноманигорон ҳузур доштанд, ба масоили экологӣ, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






