Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар Душанбе ва ноҳияи Варзоб
Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб ҳамоиши намояндагони расонаҳои хабарии Тоҷикистон доир шуд.
Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS) сар аз соли 1995 таҷлил мегардад.
Ин ҳамоишро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ) ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши кишвар (АЖРВТ) аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ доир карданд.
Нарзулло Латифов,раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, хабарнигоронро бо иди касбиашон муборакбод кард ва гуфт, «созмони мо, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, соли 2011 ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АIPS) пазируфта шудааст. Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.”
Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо барои кори пурмаҳсулашон дар ташвиқу тарғиби варзиш, ҳаракати олимпӣ ва тарзи ҳаёти солим изҳори сипос намуд. Ӯ афзуд, «умедворем, ки ҳамкории мо минбаъд ҳам пурмаҳсул идома хоҳад кард.”
Баъдан Б. Раҷабалиев ба хабарнигорон дар бораи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия иттилоъ дод.
Ӯ зикр намуд, ки ҳоло варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд. Варзишгари машҳур гурзпарто Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози тоҷик Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.
Баъдан ду паҳлавони тоҷик — Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов — дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.
ИнчунинАнвар Юнусов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки дар пойтахти Озарбойҷон – Боку — ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Зимнан, Анвар барои севумин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳадкард.
Роҳхати панҷумро ба Олимпиадаи Рио-2016 давандаДаврон Атабоев дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, ба даст овард. Ӯ масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд ва меъёри литсензияи олимпиро иҷро кард.
Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт, ки ба кишвари мо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар риштаҳои тирандозӣ ва вазнабардорӣ низ ба Тоҷикистон ҷудо кардани квота дар назар аст.
Дар ҷараёни мулоқот хабарнигорон ба суолҳои худ дар робита ба омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ посухҳои дақиқ гирифтанд.
Хабарнигорон, инчунин дар ин рӯз дар чорабиниҳое, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар истироҳатгоҳи «Пайрав», дар 30-километрии шимоли Душанбе, дар ноҳияи Варзоб барпо гардид, ширкат варзида, на танҳо бо сухан, балки дар амал пайвастагии худро ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим собит сохтанд.
Дар доираи барномаи ҳамоиш мусобиқот байни хабарнигорон аз рӯи шиноварӣ, баскетбол ва футболи хурд бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ барпо гардид.
Дар сабқати шиноварӣ байни мардон Умедҷон Аҳмадов, хабарнигори шабакаи телевизионии «Варзиш”, ғолиб омад. Ибодулло Тоҳиров, хабарнигори ҳафтаномаи «Минбари халқ”, ҷойи дувум ва Аъзам Насриддинов, хабарнигори Телевизиони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ҷойи севумро гирифтанд.
Дар сабқати занон оид ба шиноварӣ Бунафшаи Абдураҳим, хабарнигори Радиои Ватан, пирӯз шуд. Мақоми дувумро Мавзунаи Муҳаммадалӣ, хабарнигори рӯзномаи «Вечёрка” ва мақоми севумро Таҳмина Назрихӯҷаева, хабарнигори Телевизиони «Ҷаҳоннамо”, ишғол карданд.
Дар сабқати футболи хурд дастаи «Матбуот” соҳиби мақоми аввал шуд. Дастаи «Телевизион” ҷойи дувум ва дастаи Кумитаи миллии олимпӣ ҷойи севумро азони худ карданд.
Сабқати баскетбол бо пирӯзии дастаи Кумитаи миллии олимпӣ анҷом ёфт. Дастаи «Журналист ” ҷойи дувумро гирифт.
Ғолибони мусобиқот ва соҳибони ҷойҳои дувуму севум бо ҷоизаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гаштанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба ширкаткунандагон сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон супурда шуд.













Тоҷикистонро дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 65 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) нахустин бозии худро мегузаронад
Дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии футбол ифтитоҳ гардид
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштирокдорони шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 вохӯрӣ доир гардид
«Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои бозӣ бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ба шаҳри Бағдод сафар кард
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол барои Ҷоми ҷаҳон-2025 муайян гардид
Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи тиллоии оинномаи футболи оммавии КФО дархост ирсол кард
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар Қазоқистон соҳиби чор медал гардиданд
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 19 адад расид
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 15 адад расид
«Истиқлол» бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии охири даври 20-уми Лигаи олии Тоҷикистон ғолиб омад






