Тамузи тобистон: Гарм омадани мавсим агар дар нашъунамои анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда бошад, дар таъмини оби полезӣ ба масъулон мушкилӣ пеш овардаааст
Кӯлоб, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони минтақаи Кӯлоб аз ҳавои мусоид истифода бурда, анвои гуногуни маҳсулоти хоҷагии халқро парвариш намуда истодаанд.
Хусусан, дар ноҳияҳои Восею Ҳамадонӣ, ки солҳои қаблӣ деҳқонон ба оби иригатсионӣ кам дастрасӣ доштанд, имсол дар ин масъала мушкилӣ надоранд ва дар парвариши сабзавоти полезӣ пешсафанд.
Кормандони идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар навбати худ тамоми таҷҳизоти обрасониро аз таъмир бароварда, ба мавсим омодагии хуб дидаанд. Дар устохонаҳо бошад, таъмири қисмҳои эҳтиётии агрегатҳо аз ҷониби мутахассисон ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамарӯза дар ин коргоҳ барои мунтазам фаъолият кардани пойгоҳҳои обкашӣ қисмҳои гуногуни насосҳо ва таҷҳизоти обрасонӣ таъмир гардида, пойгоҳҳо аз нав барқарор карда мешаванд. Масъулони пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Восеъ мувофиқ бо дархости ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ташкил карда шудаанд, миқдори зарурии обро ба деҳқонон дастрас мекунанд.
Имсол пойгоҳи обкашии ҷануб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як баробар зиёдтар об интиқол додаанд. Беш аз панҷ ҳазор гектар заминҳои кишоварзии ноҳияи Восеъ ба воситаи насосҳо обёрӣ карда мешаванд ва дар мавсими имсола ҳарчанд майдони кишти такрорӣ афзоиш ёфта бошад ҳам, норасоии оби иригатсионӣ ба назар намерасад. Новобаста аз фаъолияти хуби кормандони соҳа истифодабарандагон ҳаққи истифодаи обро саривақт пардохт намекунанд. Ҳарчанд барои дастгирии деҳқонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи истифодаи обро то моҳи майи соли 2014 бахшида, тибқи лоиҳаи нав дар ноҳияҳо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро таъсис додаст. Дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бошад, дар шаш моҳи соли равон Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ заҳбуру заҳкаш ва иншооти обрасониро аз нақша зиёд таъмиру тоза намуда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродиро бо оби полезӣ таъмин намуда истодааст. Идораи мазкур барои обёрӣ 14 ҳазору 465 гектар замин бо нӯҳ адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об шартнома бастааст.
Ба қавли Наҷмиддин Саидов, раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, соли равон зери лоиҳаҳои давлатӣ дар самти кишоварзӣ даҳҳо километр ҷӯйборҳо ва заҳбуру заҳкашҳо, ҷӯйборҳои байни хоҷагӣ тоза карда шуданд. Кишоварзони ноҳия бо фароҳам омадани шароити мусоид имсол майдони кишти шолиро афзоиш додаанд. Гарм омадани мавсим агар дар нашъунамои анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда бошад, дар таъмини оби полезӣ ба масъулони Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ мушкилӣ пеш овардаааст. Мушкилоти асосӣ саривақт пардохт накардани ҳаққи истифодаи об мебошад. Танҳо дар ноҳияи Ҳамадонӣ қарзи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об то 1 июл 744 ҳазору 314 сомониро ташкил медиҳад, ки ин адад дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор ба маротиб зиёд мебошад.








Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад






