Тарбиятгирандагони мактаб-интернати деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшон соҳиби бинои таълимӣ ва хобгоҳ мегарданд
Хоруғ, 26.07.2016. /АМИТ«Ховар»/. Бо маблағгузории шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бунёди бинои нави мактаб-интернати деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт.
Ба гуфтаи директори ин муассисаи таълимӣ, бинои қаблӣ аввали солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст ва дар натиҷаи зилзила ва барфу боронгариҳо комилан хароб гардидааст. Омӯзгорону хонандагони мактаби мо бо як нома аз Пешвои миллат хоҳиш намуданд, ки барои бунёди бинои нав ба мо кумак расонад. Водии Бартанг аз маркази вилоят ва ноҳия хеле дур ҷо гирифтааст ва дар фасли зимистон роҳи мошинагард ба иллати тармаву сел ва сангчарх зуд зуд баста мешавад. Аксарияти тарбиятгирандагон ҳатто дар таътили зимистона низ дар ҳамин ҷо мемонанд. Бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани дару тиреза, фаршу боми синфхонаҳо ва хобгоҳ гарм карданашон барои мо хеле мушкил аст.
Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, то 250 хонанда дар он таҳсил мекунанд. Ҳамзамон дар канори бинои таълимӣ хобгоҳ барои 50 нафар эъмор мегардад. Ин бино соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






