Ташрифи бостоншиносони ҷавони давлатҳои узви ИДМ ба Саразм

Июль 18, 2016 18:11

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз 11 то 17 июли соли 2016 дар мавзеи ёдгории кишоварзии Саразм — ёдгории меросии умумибашарии ЮНЕСКО, ки таърихи зиёда аз 5500 сола дорад, Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои ИДМ  ро баргузор намуд.
Тавре Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ  «Ховар» хабар дод, дар ҷаласаи ифтитоҳии Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ Зикриё Акрамӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, ба бостоншиносони ҷавон комёбӣ орзу намуданд.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои узви ИДМ — ро баргузор менамояд ва олимони ҷавони бостоншинос аз кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон олимони бостоншиноси варзидаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимони ҷавони ИДМ аз таҷрибаи кории худ ва дастовардҳои бостоншиносони тоҷик маълумот доданд.
Дар кори Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон 26 олими ҷавони ИДМ, аз ҷумла 5 нафар аз Федератсияи Русия, 5 нафар аз Ҷумҳурии Молдова, 5 нафар аз Қазоқистон, 4 нафар аз Арманистон, 4 нафар аз Беларусия, 3 нафар аз Қирғизистон ва 11 нафар аз Тоҷикистон муддати 7 рӯз дар ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ таҷрибаи корӣ омӯхтанд.
Саразм-2Сипас, дар шаҳри Панҷакент Конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев дар мавзӯи «Дастовардҳои бостоншиносии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият», сарвари экспедитсияи бостоншиносии шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои филологӣ Луре Павел дар мавзӯи «Панҷакенти қадим  шаҳраки асрҳои 5 — 8 мелодӣ», ходими калони илмии пойгоҳи бостоншиносиии Панҷакент  Саразм, номзади илмҳои таърих Шарофиддин Курбонов дар мавзӯи «Ёдгориҳои бостоншиносии Санҷаршоҳ дар асрҳои 5 — 7 мелодӣ», мудири пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент  Саразм Абдурауф Раззоқов дар мавзӯи «Саразм  ёдгории мероси умимиҷаҳонии ЮНЕСКО» сухан ронданд.
Меҳмонон дар баробари ёдгории таърихии қадимаи Саразм аз Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент, оромгоҳи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ воқеъ дар деҳаи зебоманзараи Панҷрӯд, оромгоҳи Муҳаммад Башорро ва музейи таърихии Лоиқ Шералӣ, ки дар деҳаи Мазори Шариф аст, боздид намуданд.
Мақсади баргузор намудани Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон шиносоӣ бо таҷрибаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ дар минтақаҳои кӯҳсор, усули ҳифз намудани маҳаллаҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии водии Зарафшон ҷараёни ҳафриёти ёдгории таърихии қадимаи Саразм ба ҳисоб мерафт.
Дар доираи чорабинӣ барои олимони ҷавони бостоншинос машғулиятҳои амалӣ доир карда шуд. Дар фарҷом ба 26 нафар олимони ҷавони бостоншиноси узви ИДМ ва 11 нафар олимони ҷавони бостоншиноси тоҷик Сертификати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон ҳар сол дар ҳар давлат як маротиба гузаронида мешавад.

Июль 18, 2016 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд