Тавзеҳот ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Июль 4, 2016 18:41

Душанбе, 04.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 -уми июли соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари баррасии масъалаҳои дохиливу хориҷии кишвар, инчунин оид ба аҳамияти арзишҳои миллӣ, риояи суннатҳо, амалҳои башардӯстона ва ёрӣ расонидан ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда изҳори назар намуда, аз ҷумла дастур дод, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятидавлатӣ дар арафаи иди Рамазон чорабиниҳои хайриявиро дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои динӣ амалӣ намоянд.
Ҳамчунон аз мардуми мамлакат даъват намуд, ки фитри рӯзаро тибқи фармудаҳои шариат танҳо ба ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд, бепарастор ва барҷомонда расонанд ва аз ҷониби ин табақаҳо додани фитри рӯзаро ҷоиз надонист.
Дар баробари ин ёдрас кард, ки супоридани фитри рӯза ба ходимони дин ва шахсони доро манъ аст.
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки якҷо бо Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воситаҳои ахбори омма муҳтаво ва таъиноти фитри рӯзаро ба аҳолии мамлакат тарғиб намоянд.
Доир ба ин масъалаҳо имрӯз инчунин Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки дар он мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки дар доираи суннатҳои миллӣ амал намуда, риояи талаботи дар боло зикршударо дар кишвар таъмин намоянд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 4, 2016 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд