«Тоҷик Эйр» зимни беш аз 600 парвоз қариб ба 150 ҳазор мусофир хизмат расонидааст
Душанбе, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар ин давра беш аз 640 парвози мунтазами рафтуомадро анҷом дода, наздики 150 ҳазор мусофирро интиқол додааст». Ин матлаб имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар ҶСК «Тоҷик Эйр» зикр гардид.
Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр», ки дар назди хабарнигорон доир ба фаъолияти ширкати ҳавонавардии миллии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» гузориш дод, зикр кард, ки дар ин давра аз хизматрасониҳои ширкат дар хатсайрҳои байналмилалӣ беш аз 136 ҳазор мусофир истифода бурда, ин омор дар хатсайрҳои дохилӣ марзи 11 ҳазор нафарро убур менамояд.
Роҳбари «Тоҷик Эйр» иброз намуд, ки ширкат парвозҳои байналмилалиро тавассути 2 адад ҳавопаймои «Боинг 757-200» ва «Боинг 737-300» иҷро намуда, тавонист дар ин давра ба афзоиши ғунҷоиши тиҷоратӣ мушарраф гардад.
Дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида ғунҷоиши тиҷоратӣ 25 % ва бандкунии курсиҳо зиёда аз 4% боло рафта, самаранокии истифодабарии ҳавопаймоҳо афзудааст. Миқдори миёнаи соати парвоз барои як ҳавопаймо дар ширкати «Тоҷик Эйр» беш аз 750 соатро ташкил дод, ҳол он ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 480 соат буд.








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






