«Тоҷикстандарт» кӯдакони ятимро ба Қаратоғ фиристод
Душанбе, 07.07.2016/АМИТ «Ховар»/. Кормандону мутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва марказҳои зерсохтори он дар арафаи Иди саиди Фитр ба қишрҳои гуногуни ниёзманди аҳолӣ ба маблағи қариб 40 ҳазор сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расониданд.Ин кумакҳо аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди супоридани садақаи фитр ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ба ятимону барҷомондагон ва маъюбон расонида шуд,- гуфт Мурод Ашӯров сардори маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт».
Мавсуф афзуд, ки ба кӯдакони ятим ва тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ба маблағи қариб 10 ҳазор сомонӣ ва дигар ташкилоту ҷамъиятҳои маъюбон, собиқадорону нафақахӯрон ва оилаҳои кабизоат ҳудуди 27 ҳазор сомонӣ кумакҳои хайриявӣ, ки асосан аз маводи хӯрока ва кумакпулӣ иборат буданд, расонида шуд.
Ҳамзамон намояндаи масъули мақомоти «Тоҷикстандарт»-и кишвар зикр кард, ки бо мақсади дар фасли тобистон ба истироҳат фаро гирифтани тарбиятгирандагони мактаб-интернати дар ноҳияи ба номи Ҷалолидини Балхӣ воқеъбуда, 30 нафар бошандагони ин мактаб интернат барои истироҳат ба лагери Қаратоғ фиристонида шуданд. Бояд зикр кард, ки мактаб-интернати мазкур, ки дар он асосан ятимон ва ятимони кул ба тарбия ва таълим фаро гирифта шудаанд, таҳти сарпарсатии Агентии «Тоҷикистандарт» қарор дорад. Дар ин росто дар асоси дархости роҳбарияти мактаб-интернат Агентии «Тоҷикстандарт» дар арафаи иду ҷашнҳо ба тарбиятгирандагони ин парваришгоҳ кӯмакҳои моддӣ ва хайриявӣ мерасонад. Баргузор намудани тӯйи хатнасури кӯдакони ятим, таъмири майдончаи варзишии мактаб-интернат, кӯмак барои кишту кори маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини ёрирасон, инчунин таъмини мактаб-интернат бо рахтҳои хоби дуқаббата ва компютерҳо аз номгӯи кӯмакҳое мебошанд, ки дар соли равон расонида шудаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






