Ҳукми зиндон барои Мессӣ ва падари ӯ ба мӯҳлати 21 моҳ

Июль 7, 2016 10:32

Душанбе, 7.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Футболбози рақами яки ҷаҳон Лионел Мессӣ бо ҷурми сарпечӣ аз пардохти андоз дирӯз ба 1 солу 9 моҳи зиндон аз ҷониби додгоҳи шаҳри Барселона маҳкум шуд . Ба падари ӯ Хорхе Мессӣ низ бо ҳамин далоил ҳукми зиндон раво дида шудааст.
Дар Испания тибқи қонунҳои марбута , агар ҳукми зиндон то 2 сол муайян шуда бошад, онро метавон ба сурати шартӣ адо кард. Ин ба маъноест, ки бо вуҷуди судури ҳукми зиндон барои Лионел Месси ва падари ӯ онҳо ба зиндон намераванд. Падару писар имкон доранд аз ҳукми додгоҳи Барселона ба додгоҳи олии Испания шикоят баранд.
Леонел Мессӣ ва падараш аз ҷониби додгоҳ мутаносибан ба маблағи  2 миллион евро ва  1,5 миллион евро муҷозот шуданд.
Ёдрас мешавем, ки Мессӣ ва падари ӯ барои пинҳон кардани даромади худ аз андоз ба маблағи 4,1 миллион евро мутаҳам мешаванд. Ҳарчанд соли гузашта дар ин маврид Лионел Мессиро сафед карда буданд, аммо интиқоли маблағҳо барои ду бозии дӯстона аз ҷониби Хазинаи хайриявии ӯ, ки ба дӯсташ Гилермо Марин номнавис шуда буданд, шӯру мағалро аз нав ба миён овард.
Дар ҷаҳони варзиш чунин далелҳои манфӣ атрофи варзишгарони маъруфу номӣ хеле зиёд ба чашм мерасанд.

Июль 7, 2016 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд