Ҳусни рӯзафзуни Варзоб
Варзоб, 16.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи сипаригардида беш аз 45 ҳазор сайёҳони дохилию хориҷӣ аз дараи зебоманзари Варзоб боздид намуданд, иброз дошт раиси ноҳияи Варзоб Савзаалӣ Назирзода зимни нишасти хабарӣ, ки дирӯз доир гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тамоми ниҳодҳои марбута ва сокинони ноҳия барои боз ҳам мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон қарор гирифтани ин мавзеи дилрабои дилписанд, сайю кӯшиш доранд.
Имсол дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дар масоҳати 25 гектар боғи нав бунёд гардид. Дар ду тарафи роҳи дараи Варзоб ҳазорҳо бех гулҳои гуногуни зебо шинонда шуд, ки ҳусни ин дараи афсонавиро меафзояд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Варзоб зиёда аз 425 адад минтақаҳои истироҳатии оммавӣ, 8 адад лагери истироҳатии кӯдакона, 3 адад осоишгоҳҳо, 1 адад маҷмааи лижаронию сайёҳии Сафеддара ва 45 адад ҳавзҳои хурди шиноварӣ дар минтақаҳои истироҳатӣ мавҷуд аст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






