Варзишгарони Тоҷикистон дар бозиҳои байналмилалии «Бачагони Осиё» ҳузур доранд
Душанбе, 7.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси Тоҷикистон ба шумули 20 нафар дар мусобиқоти шашуми байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки аз 5 июл то 17 июли соли 2016 дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Русия идома меёбад, ширкат доранд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки варзишгари навраси тоҷик дар ин мусобиқот аз рӯи намудҳои варзиши бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо ва ҷудо бо ҳамтоёни худ аз 45 кишвари аъзои Шӯрои олимпии Осиё барои ҷоизаҳои мусобиқа талош мекунанд. Аслан рақобатҳо дар ришатҳои баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, гимнастикаи бадеӣ, гуштии озод, камонварӣ, кураш, мас-рестлинг, пауэрлифтинг, самбо, таэквондо ВТФ, тенниси рӯи миз, тирандозӣ, тирандозӣ ба лаъличаҳо, футбол, хапсагай, ҷаҳиши миллии ёқутистонӣ, ҷудо, шашка, шоҳмот, шиноварӣ, ҷамъ 22 намуд, ки ба барномаи бозиҳо дохил шудаанд, гузаронида мешаванд.
Бори аввал Тоҷикистон дар ин бозиҳо бо шумораи хеле зиёди варзишгарон ширкат меварзад.








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






