Виталий Левченко: «Вазифаи мо ба Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтан аст»
Душанбе, 4.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак дастаи мунтахаби ҷавонони то 19- солаи мамлакат оид ба футбол тайёриро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи октябри соли равон дар Баҳрайн мегузаранд, оғоз кард. Сармураббии нави даста Виталий Левченко ба марҳалаи аввал ба шаҳри Норак 28 нафар бозингаронро даъват намудаст, ки ба ин қатор инҳо дохил мешаванд:
Дарвозабонҳо Шаҳром Исмоилов, Беҳрӯз Хайриев, Далер Азизов аз «Баркчӣ» ва Фатҳулло Бобоев аз Клуби марказии варзиши Артиш «Помир»;
Ҳимоятгарон: Қувватбек Равшанбеков, Алишери Ҳотам, Зиёвуддин Фузайлов аз «Баркчӣ», Ҷамшед Умаров аз«Ҳосилот», Азим Раҳмонов аз «Вахш», Ҳусейн Нурматов аз «Помир», Дороб Эргашев аз «Регар-ТадАЗ», Табрези Давлатмир аз«Истиқлол»;
Нимҳимоятгарон: Мунир Давлатбеков, Отабек Каримов, Кароматулло Саидов, Ҳокимҷон Ҳасанов, Мухаммаҷони Ҳасан аз «Барқчӣ», Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев аз «Истиқлол», Худойдод Узоқов аз «Вахш», Хоҷибой Зиёев аз «Хуҷанд», Нӯъмон Зокиров аз«Регар-ТадАЗ», Фаридун Неъматов аз «Помир»;
Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов, Амирҷон Сафаров, Мухаммадҷон Шарипов аз – «Барқчӣ» ва Азиз Бегов аз «Регар-ТадАЗ».
Дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар набудани капитани он Алишер Сафаров ҳис мегардад. Баъди ба садама гирифтор шудан ӯ саломатии худро барқарор менамояд. Дар ин бора ёвари сармураббӣ Рустам Хоҷаев ба «Ховар» иттилоъ дод, ки Алишер Сафаров вазъи саломатиаш хуб гардидааст ва рӯзҳои наздик ба даста ҳамроҳ хоҳад шуд.
ФФТ ҳамаи шароитҳоро барои тими мунтахаб муҳайё кардааст ва рӯҳияи бозингарон болида мебошад.
Сармураббии тими мунтахаби ҷавонони кишвар Виталий Левченко дар сӯҳбат ба «Ховар» гуфт: «ФФТ дар назди мо мақсад гузоштааст, ки ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирем. Албатта ин имконпазир аст, тавре мебинед дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 натиҷаҳое ба даст омаданд, ки ҳамаро дар тааҷҷуб мегузоранд. Ба он нигоҳ накарда, ки гурӯҳи мо хеле сангин аст ва дастаҳои мунтахаби Австралия, Чин ва Ӯзбекистон ба он шомил мебошанд, мо тамоми қувваро ба он сарф мекунем, ки вазифаи дар наздамон гузошташударо иҷро кунем».
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» ҳунарнамоӣ мекунад ва аз ҳар гурӯҳ ду даста ба бозиҳои ¼ -ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар маҷмӯъ чор даста аз Осиё ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон ба Кореяи ҷанубӣ мераванд, аммо дар сурати ба қатори чор дастаи мунтахаб шомил шудани тими мизбони мусобиқот-мунтахаби Кореяи ҷанубӣ аз Осиё дастаи панҷум низ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки ба бозиҳоии ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирад.








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






