Зилзилаи навбатӣ дар Тоҷикистон

Июль 2, 2016 10:04

Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан соати 20:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ  ба амал омад.  Тибқи иттилои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  маркази зилзила дар  27- километрии шимолу шарқи маркази ноҳияи Рашт ва  165-километрии   шарқи Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Чилдараи ноҳияи Сангвор  ба қайд гирифта шуд.
Қувваи зилзила дар маркази он 5 балро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 2 бал баробар буд.
Тавре   корманди    Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Ҳамидулло Шарифов  иттилоъ дод,  бар асари ин ҳодисаи табиӣ деҳаҳои ҷамоати деҳоти Иҷборак ва Аскалон, хусусан деҳаи Ҳазорчашма зарари ҷиддӣ дида, қисме аз  манзилҳои истиқоматӣ  пурра ва бархеи дигар қисман вайрон шудаанд. Айни замон Комиссияи махсус   дар ҷои ҳодиса ҳузур дошта, оқибатҳои ин офати табииро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд.
Маълумоти муфассал баъдтар нашр мешавад.

Июль 2, 2016 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад