Зилзилаи навбатӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан соати 20:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ заминҷунбӣ ба амал омад. Тибқи иттилои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила дар 27- километрии шимолу шарқи маркази ноҳияи Рашт ва 165-километрии шарқи Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Чилдараи ноҳияи Сангвор ба қайд гирифта шуд.
Қувваи зилзила дар маркази он 5 балро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 2 бал баробар буд.
Тавре корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Ҳамидулло Шарифов иттилоъ дод, бар асари ин ҳодисаи табиӣ деҳаҳои ҷамоати деҳоти Иҷборак ва Аскалон, хусусан деҳаи Ҳазорчашма зарари ҷиддӣ дида, қисме аз манзилҳои истиқоматӣ пурра ва бархеи дигар қисман вайрон шудаанд. Айни замон Комиссияи махсус дар ҷои ҳодиса ҳузур дошта, оқибатҳои ин офати табииро мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд.
Маълумоти муфассал баъдтар нашр мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






