Ба истифода додани бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Роғун
Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди истифода қарор додани бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок кард.
Баъди буридани лентаи рамзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити корӣ дар бинои нав шинос шуд. Бинои нав дар шаҳраки Оби Гарм бо тарҳу услуби хос барои сохторҳои қудратӣ бунёд шуда, дорои шароити хуби корӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин барои кормандони мақомоти амният шароити созгори истиқомат ва истироҳату табобат фароҳам оварда шудааст.
Марвиди зикр аст,ки беҳдошти шароит ва таҳкими иқтидору имконоти мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи пайваста ва дастгирии ҳамарӯзаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2015 сохтмони иншооти соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин биноҳои маъмурии шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб, Восеъ, Фархор, Шуғнон ва Дарвоз бо сифати баланд ба итмом расида, заминаи моддиву техникии сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат мустаҳкам гардонида шудааст.













Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд






