Бахшида ба 110-солагии Тоҷӣ Усмон маҳфили ёдбуд баргузор гардид

Август 2, 2016 17:16

Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии нависандаи маъруфи тоҷик Тоҷӣ Усмон маҳфили ёдбуд баргузор шуд.
Маҳфил таҳти раёсати муовини якуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа доир гардид. Мудири шуъбаи очерк ва публитсистика, нависанда Маҷид Салим дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Тоҷӣ Усмон ба сифати журналист, публитсист, адиб ва муҳаққиқи таърих ва адабиёт, инчунин паҳлӯҳои гуногуни ташаккули шахсияти ӯ гузориши муфассал дод.
Сипас, профессор Мурод Муродӣ, адибон Кароматулло Мирзоев, Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, Бахтиёр Муртазоев хотираҳои худро аз суҳбатҳояшон бо Тоҷӣ Усмон ёдовар шуданд.
Тоҷӣ Усмон яке аз адибони маъруф ва донандаи адабиёти классики тоҷик зодаи деҳаи Унҷии шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият»), «Бо роҳи Ленин», «Хорпуштак», инчунин дар солҳои Ҷанги дуюми Ҷаҳон дар матбуоти ҳарбӣ фаъолият кардааст.
Нахустин маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ бо номи «Кашфи асрор» соли 1958 бо фотиҳаи адиби бузург Сотим Улуғзода нашр шудааст. Дар асари «Бисту се адиба», ки соли 1957 ба табъ расидааст, Тоҷӣ Усмон оид ба ҳаёт ва рӯзгори шоираҳои тоҷик аз асри X то XIX маълумоти муфассал ва пурарзиш фароҳам овардааст. «Ганҷинаи шеъри тоҷикӣ», «Шоираҳои боистеъдод», «Шоира Маҳастӣ», «Муборакқадам», «Духтари ниқобдор», «Лаънаткардаи халқ», «Духтаре дар Маскав» аз осорҳои маъруфи адиб мебошанд.

Август 2, 2016 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад