Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид
Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 3 августи соли ҷорӣ дар бинои Палатаи савдои ИМА бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, вазири энергетикаи ИМА Эрнест Мунис, муовини раиси Палатаи савдои ИМА Роберт Шродер, ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ниша Бисвал ва намояндагони сохторҳои мухталифи ИМА чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ намоиши дастовардҳои фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин ҳунарнамоии мутрибону сарояндагони кишварҳои минтақа доир гардиданд.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баромадҳои хеш дар чорабинии фарҳангӣ аз дастовардҳои кишварҳояшон дар даврони 25- соли Истиқлолияти кишварҳои минтақа ёдовар шуданд.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






