Чаба Кёроши: «Ман аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорам, ки имконияти хуби муҳокимарониҳоро ба ҷомеаи байналмилалӣ фароҳам овард»

Август 12, 2016 15:49

Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 9-11 августи соли равон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор гардид, ки дар кори он   зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок доранд. Симпозиум намояндагони баланпояи давлату ҳукуматҳо, роҳбарон ва коршиносону мутахассисони ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, доираҳои академӣ, илмию соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, ба ҳам овард.
Чаба Кёроши, сафир ва директор оид ба устувории муҳити зист дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Маҷористон баъди иштирок дар ин ҳамоиш андешаҳояшро ба хабарнигорон чунин иброз намуд:
«Пеш аз ҳама, мехостам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ба Симпозиум, меҳмоннавозӣ ва ташкили ин чорабинии муҳими байналмилалӣ дар чунин марҳилаи ҳалкунанда арзи сипос намоям.
Имрӯз ҷаҳон дар миёнароҳ қарор дорад. Соли гузашта қарорҳои асосӣ вобаста ба он ки мо сайёраи худ ва аҳолии онро пас аз 15 сол дар кадом ҳолат мехостем бинем,  қабул шуданд. Акнун вақти қабули қарорҳои мушаххас ва татбиқи онҳо расидааст. Буҳрони ҷаҳонии об наздик омада истодааст. Мо набояд ин имкониятро аз даст диҳем, мо наметавонем афзалияту арзишҳоро бо сабаби норасоии ҳамкорӣ ва технологияҳои муносиб аз даст диҳем. Ман ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорам, ки имконияти хуби муҳокимарониҳоро ба ҷомеаи байналмилалӣ фароҳам овардааст.
Президенти Тоҷикистон ва Президенти Маҷористон аъзои Панели сатҳи баланди ҷаҳонӣ оид ба об мебошанд, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ даъват гардидааст. Ман дар ин ҷо ба сифати шерпа, яъне намояндаи махсуси Президенти Маҷористон оид ба масъалаи мазкур қарор дорам. Мо (шерпаҳо) пешниҳоду таклифҳои мушаххасро аз номи президентҳо омода сохтем, ки онҳо бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ моҳи сентябри соли равон дар Ню-Йорк муаррифӣ гарданд. Ин иқдом ба ҳадафи кунуние, ки зимни Симпозиум дар шаҳри Душанбе гузошта шуда буд, мувофиқ хоҳад буд. Барои ҳамин, марҳамат ба пеш, қарорҳои беҳтаринро дарёфт намоед, фарохтар фикр кунед ва ҳамкориро пешбарӣ намоед. Мо дигар набояд вақтро аз даст диҳем.
Вобаста ба ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалӣ «Об барои рушди устувор» гуфтаниям, ки ин пешниҳод бамаврид аст. Он бояд бо сохтори институтсионалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ҷаҳон ҳамқадам бошад. Чунки имрӯз зарурати ислоҳот ба миён омадааст. Даҳсолаи об, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, самаранок хоҳад буд. Агар мо ислоҳоти сохтори институтсионалии обро таҳти сарпарастии СММ гузаронем, ин сатҳи ҳамкорӣ ва фаҳмиши умумии арзиши обро баланд хоҳад бардошт ва ба кишварҳо ҷиҳати дастёбӣ ба технологияву усулҳои беҳтарини идоракунӣ мусоидат хоҳад намуд».

Август 12, 2016 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!