Дар Исфара ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир шуд
Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Исфара ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор гардид.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, дар ярмарка корхонаву ташкилот ва муассисаҳо зиёда аз 300 адад ҷойҳои холии кориро бо музди аз 400 то 1500 сомонӣ пешниҳод намуданд.
Дар натиҷа 9 нафар бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда шуда, 62 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ ба гурӯҳи хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Исфара шаҳодатномаҳои касбомӯзӣ супорида шуданд.