Дар Остона машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид
Душанбе, 27.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 августи соли 2016 дар шаҳри Остона машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Ҳайати Тоҷикистонро Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд ва ҳайати Қазоқистонро Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Койшибаев Галимжан Телманович роҳбарӣ карданд.
Ҷонибҳо вазъ ва самтҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима намуда, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.
Дар мулоқот масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика, фарҳангу гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин мукаммалсозии заминаи мавҷудаи шартномавию ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарафҳо инчунин роҷеъ ба дурнамои фаъолияти минбаъдаи СААД, СҲШ, МҲТБО ва ИДМ, аз ҷумла ҳамкории ду кишвар дар доираи ин ташкилотҳо оид ба масъалаи таъмини амният дар минтақа мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯри аҳамияти гузаронидани машваратҳои мунтазам дар сатҳҳои мухталиф, ҳамчун механизми муҳими тавсеа ва таҳкими шарики стратегӣ байни ду кишвар қайд гардид.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






